Ссылки доступа

Сокини Душанбе идораи барқро ба додгоҳ кашид (гулчин)


Kyrgyzstan - weather - nature - water - Papan reservoir (Papan suu saktagychy), is a reservoir of the river. Ak-Buura. April 17, 2022
Kyrgyzstan - weather - nature - water - Papan reservoir (Papan suu saktagychy), is a reservoir of the river. Ak-Buura. April 17, 2022

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Нахустпрезидент. Нигоҳе ба кор ва мероси Қаҳҳор Маҳкамов.​ Агар умр вафо мекард, рӯзи 16-уми апрели имсол Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 90-сола мешуд. Раиси ҷумҳуре, ки муддати кӯтоҳ раҳбари кишвар буд ва дар талотумҳои сиёсии солҳои 90-ум аз сиёсат канор рафт. Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мерос ва назарҳо дар бораи ӯст. (видео)

- ​Сокини Душанбе идораи барқро ба додгоҳ кашид.​ Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.

- Ба вакил иҷозат надоданд, баҳси артишро бардорад.​Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд. Дар ин рӯз муовини аввали вазири дифоъ ба порлумон омада буд. Баъзе ҳуқуқдонҳо рафтори Зокирзодаро танқид карданд, як намояндаи Маҷлис “дуруст” номид. (видео)

- "Алифбонк" мехоҳад корашро бар асоси шариати исломӣ раҳандозӣ кунад. ​Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт. (видео)

- Дар Қирғизистон мехоҳанд, таҳсил дар макотиби миёнаро 1 сол бештар кунанд​. (видеои Настоящее время)​

- Чаро дар бонкҳои Тоҷикистон пули нақд кам аст? (видео)

- "Се сол ҳаққи рӯзноманигорӣ надорам, вале ҳаҷвнигорӣ мекунам" (видео)

- Бензин гарон шуд. Пешниҳоди як омӯзгори тоҷик барои дучархасаворӣ (видео)

- Блогерони тоҷик корро аз тарс бас мекунанд ё аз бепулӣ? Дар барномаи навбатӣ суҳбат дар бораи тарки Ютубу шабакаҳои иҷтимоӣ кардани баъзе аз блогерони тоҷик меравад. Ҳам дар бораи онки то куҷо онҳо ба ҷомеа кумак мекунанд ва ё корашонро медонанд. Блогери тоҷик Далери Имомалӣ ва ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон Нуриддин Қаршибоев меҳмони барнома ҳастанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG