Ссылки доступа

Илон Маск Twitter-ро бар ивази $44 млрд мехарад


Миллиардер ва асосгузори ширкатҳои SpaceX ва Tesla Илон Маск гуфтааст, ширкати " Twitter"-ро харидорӣ хоҳад кард.

Дар ин бора рӯзи душанбе созиш ҳосил шуда, хабарро дар худи "Twitter" низ тасдиқ карданд. Қарор аст, ширкати мазкур ба маблағи наздики 44 миллиард доллари амрикоӣ фурӯхта шавад.

Маск дар изҳороташ дар бораи харидории "Twitter" аҳамияти озодии баёнро ёдовар шуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҳатто мухолифони сарсахташ низ саҳифаҳои худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG