Ссылки доступа

Белорус ба далели таҳримҳо хариди маҳсулоти Узбекистонро афзоиш медиҳад


Сарвазири Белорус Роман Головченко дар суҳбат бо ҳамтои узбеки худ Абдулло Орипов дар Тошканд гуфт, кишвараш мехоҳад, маҳсулотеро, ки мавриди таҳрим қарор гирифтаанд, аз Узбекистон харидорӣ кунад.

"Белорус, бахусус феълан дар шароити маҳдудиятҳои
Ғарб алоқаманди афзоиши воридоти маҳсулот аз Узбекистон аст. Мо омодаи афзоиши интиқоли маҳсулоти узбекӣ ҳастем", - афзуд сарвазири Белорус.

Вай изҳор дошт, ки сухан дар навбати аввал аз ресмон, оҳан, маҳсулоти ғизоӣ, меваю сабзавот меравад. Ба гуфтаи ӯ, талабот ба ин молҳо дар Белорус зиёд аст.

Головоченко қайд кард, ки аз соли 2017 гардиши мол миёни Белорус ва Узбакистон 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Кишварҳои ғарбӣ баъди интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус дар моҳи августи соли 2020 ва саркӯби эътирозҳо алайҳи режими раисҷумҳур Александр Лукашенко зидди Минск таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ин таҳримҳо пас аз пуштибонии Белорус аз ҳамлаи Русия ба Украина пурзӯр шуданд.

XS
SM
MD
LG