Ба гуфтаи ӯ, дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Узгени Қирғизистон санҷиш идома дошта, аллакай норасои 1200 шиносномае, ки бояд маҳв карда мешуд, ошкор шудааст.
Иманов хабар дод, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса шаш касро боздошт кардааст ва дар миёни онҳо кормандони пешини хадамоти шиносномадиҳӣ низ ҳастанд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол суханҳои вазири рушди рақамии он кишварро шарҳ надодааст.