Ссылки доступа

Қирғизистон аз Русия хост, муҳоҷиронашро афв кунад


Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев рӯзи 27 апрел хабар дод.

"Он чи марбут ба афви муҳоҷирони қирғизистонӣ аст, ин аст, ки муҳоҷирон дар соли 2019 афв шуданд ва ҳоло мо ду муротиба муроҷиат кардем. Чанде пеш аз Русия як ҳайат омад, ки дар мулоқот бо онҳо мо ин масъаларо бардоштем. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ пештар ба ҳамтои русаш Владимир Путин муроҷиат кард. Мо дархост кардем, муҳоҷиронеро афв кунанд, ки қонуншиканиҳои камаҳамият содир кардаанд", - гуфт Кулубоев.

Моҳи гузашта раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов дар як дидор бо раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко низ афви муҳоҷирони қирғизистониро дар Русия хоста буд. Он замон Матвиенко гуфт, ки ин пешниҳод ба ҳукумати Русия ирсол шудааст.

Ба иттилои расмӣ, айни замон ҳудуди 1 миллион сокинони Қирғизистон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. То моҳи феврали соли ҷорӣ наздики 76 ҳазор сокинони Қирғизистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум буданд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, шумори воқеии сокинони Қирғизистон, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд, бештар аз 76 ҳазор аст.

XS
SM
MD
LG