Ссылки доступа

Эътирози даҳҳо сокини Чимкенти Қазоқистон зидди бекорсозии озмуни барномаи қарзи манзил


Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон рӯзи 26 апрел даҳҳо сокин пушти дар ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ ва зидди барномаи қарзи манзил эътироз карданд. Пештар аз ин ҳукумати маҳаллӣ гуфт, озмуни амалисозии барномаи манзил ғайриқонунист.

Ҷамъшудаҳо гуфтанд, ки шартҳои озмунро иҷро ва пешпардохтро анҷом додаанд, ҳамакнун талаби манзил доранд.

"Ман зидди онам, ки натиҷаҳои озмун бекор шавад. Озмун расмӣ буд. То ин замон ҳукумат куҷоро нигоҳ кард?", - гуфт Арслон Олтой, яке аз эътирозгарон.

"Ман талаби манзили ройгон надорам. Озмун расман баргузор шуд. Акнун мегӯянд, ки ҳамаро бармегардонем. Ман зид ҳастам", - афзуд Зара Байаристановаи 26-сола.

Ергалӣ Билисбеков, муовини раиси ҳукумати Чимкент дар ҳузури ҷамъшудаҳо гуфт, ки ба вазорати саноат ва рушди зерсохтор муроҷиат кунанд.

Дар доираи барномаи сохтмони манзили маъруф ба "7-20-25" 900 манзил ба қимати арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст. Дар барнома касоне ҳаққи иштирок доштанд, ки расман дар номашон манзиле сабт нашудааст.

Рӯзи 25 апрел вазири саноат ва рушди зерсохтори Қазоқистон Каирбек Ускенбоев гуфт, ки озмуни баргузоршуда ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG