Ссылки доступа

Мансабдори Кремл Дмитрий Козак ба Қирғизистон рафтааст


Дмитрий Козак
Дмитрий Козак

Муовини раиси дастгоҳи президенти Русия Дмитрий Козак ҳафтаи гузашта ба Қирғизистон сафар кардааст.

Дар ин бора чанд манбаи боварбахш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

Вале дар бораи сафари ин мансабдори Русия ба Қирғизистон расман хабаре нашр карда нашудааст. Дар дастгоҳи президенти Қирғизистон аз шарҳи хабари Козак худдорӣ карданд.

Саҳифаи Temirov LIVE 19 парел видеоеро аз фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек нашр кард. Бар асоси видео, 6 апрел ҳавопаймои Хадамоти амнияти Русия ба шаҳри Бишкек парвоз карда, то 8 апрел дар фурудгоҳи "Манас" мемонад.

Ин ҳавопаймо пештар низ 2 бор, аз ҷумла 12 октябри соли 2020 ба Қирғизистон парвоз кардааст. Он замон Козак бо дастури раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бишкек рафта, бо президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов вохӯрда буд.

XS
SM
MD
LG