Ссылки доступа

Роскомнадзор аз расонаи қазоқӣ хостааст, матлаб дар бораи ҷанги Украинаро пок кунад


"Новый репортёр" мегӯяд, Роскомнадзори Русия хабаргузории қазоқии "NewTimes.kz"-ро огаҳ кардааст, ки матлаб дар бораи ҷанги Украина ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Москваро аз сомонааш ҳазф кунад.

Ба гуфтаи муҳаррири "NewTimes.kz" Дмитрий Ким, ин ниҳоди Русия матлаби онҳоро 14 апрел "хилофи қонунгузорӣ дар бораи расонаҳо" номидааст.

"Истиноди мушаххас нишон дода шудааст. Сухан аз таҳримҳои нави Иттиҳодии Аврупо буд ва мо дар ин матн ба Би-би-сӣ истинод оварда будем. Аз огаҳиномаи Роскомнадзор бар меояд, ки маълумоти матлаби мо дар бораи "амалиёти вижа"-и Русия нодуруст будааст", - изҳор дошт муҳаррир.

Ба гуфтаи Ким, Роскомнадзор дар огаҳиномааш талаб карда, ки матлаб фавран пок карда шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талаб дастрасӣ ба сомонаи хабаргузрӣ маҳдуд мешавад.

Муҳаррири хабаргузории қазоқӣ афзуд, ки баъди дарёфти огаҳинома матлабро пок карданд.

XS
SM
MD
LG