Ссылки доступа

Қирғизистон дар Қазоқистон сафорати нав месозад


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон сафорати нави Қирғизистон сохта мешавад.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар доданд, ки масъалаи ҷудо шудани замин дар шаҳри Нурсултон барои сохтани бинои сафорат рӯзи 25 апрел дар мулоқоти сафири Қирғизистон дар Қазоқистон Достон Дюшекеев бо раиси шаҳри Нурсултон Алтай Кугинов баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, айни замон сафорати Қирғизистон дар шаҳраки дипломатии Нурсултон ҷойгир аст. Ба ҷуз аз сафорат, як консулгарии дигари Қирғизистон дар шаҳри Алмато амал мекунад.

XS
SM
MD
LG