Ҳаминтариқ шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 майи соли равон ҳангоми вуруд ба Қирғизистон вазифадор нестанд, ки гувоҳномаи ваксина ё натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро пешниҳод кунанд.
Ба ҷуз ин, интизор меравад, дар ҷаласаи ояндаи Девони вазирони Қирғизистон масъалаи бекор кардани вазъи фавқулодае, ки 22 марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус эълом шуда буд, баррасӣ шавад.
Пештар Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дода буд, ки дар бемористонҳои ин кишвар дигар ягон нафари мубтало ба коронавируси нав боқӣ намондааст.