Ссылки доступа

Дар Туркманистон бонувонро барои "зебоии сунъӣ" аз кор меронанд


Бонувони Туркманистон дар пайи маҳдуд шудани ороишҳои занона бо хатари аз кор рондан рӯбарӯ шудаанд.

Бино ба иттилои хабарнигорон ва чандин манбаи боварбахши бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон, давоми рӯзҳои ахир чандин меҳмондори ҳавопаймо ва роҳбалади қатораҳо барои гузоштани мижа, афзоиши лабҳо ва истифодаи нохунҳои сунъӣ аз кор ронда шудаанд.

"Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон, ки баъди танаффуси тулонӣ дубора парвозҳои худро аз сар мегирад, 20 меҳмондорро барои афзоиши лабҳо аз кор рондааст. Ҳамчунин ҳудуди 50 роҳбалади қатора низ бо ин сабаб кори худро аз даст додаанд", - иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳри Ишқобод.

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон дар шаҳри Байрамлии он кишвар ба кошонаҳои ҳусн рафта, соҳибони кошонаҳоро ҳушдор медиҳанд, ки бархе аз хадамоти ороиши барои занонун духтарон манъ хоҳад шуд.

"Мақомот огоҳ мекунанд, ки хидматрасониҳое чун ботокс, маҳв кардани ожангҳои рӯй, гузоштани мижа, афзоиши лабҳо ва истифодаи нохунҳои сунъӣ манъ карда шудаанд", - гуфт корманди яке аз кошонаҳои ҳусн дар шаҳри Байрамлии Туркманистон рӯзи 11 апрел.

XS
SM
MD
LG