Ссылки доступа

Манобеъ: "Ватан" ва "Афсона"-ро наздикони президент вайрон мекунанд


Театри лӯхтаки "Афсона". Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"
Театри лӯхтаки "Афсона". Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"

Тахриби ду бинои таърихӣ дар Бохтар, ки ба иддаои баъзе аз манобеъ, аз тарафи наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад, баъзе фарҳангиёни шаҳрро нигарон кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар назар аст, бинои театри “Афсона” ва қасри “Ватан"-ро дар маркази вилояти Хатлон чаппа карда, дар ҷойи онҳо иншооти нав бисозанд. Намояндагони бахши меъморию шаҳрсозии Бохтар гуфтанд, тахриби биноҳҳо ҷое барои ташвиш надорад ва кормандон аллакай ба дигар ҷо кӯчонда шудаанд. Фарҳангиён мегӯянд, гап дар бораи биноҳои таърихӣ меравад.

Дастикам се манбаъ дар идораҳои мухталиф дар Бохтар тасдиқ карданд, ки кохи "Ватан"-ро Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон, тахриб намуда, дар ҷои он меҳмонхонаи замонавӣ сохтанист. Худи Саъдуллоев барои суҳбат то ин дам дастрас набуд.

Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, бинои театри “Афсона”-ро Ҳоҷӣ Зайнулло ном соҳибкоре вайрон карда, дар ҷойи он бинои баландошёнаи истиқоматӣ месозад. Дар минтақаи Хатлон Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), бародари Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур бо номи Ҳоҷӣ Зайнулло маъруф аст. Ӯ низ барои шарҳи мавзуъ дастрас набуд.

Мавлуда Раҷабзода, мудири кохи "Ватан"-и шаҳри Бохтар, рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинои ин кох аҳамияти таърихӣ дошта, вайрон карданаш онҳоро нигарон намудааст.

"Чӣ бигӯям? Дилам ҳамин хел дард мекунад. Кохи "Ватан" як муассисаи таърихӣ аст. Ин хел бино дар минтақаи Хатлон дигар нест. Таърихи он аз соли 1954, тақрибан даҳ сол баъди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ сарчашма мегирад. То замони таъмираш дар соли 2000-ум дар болояш 1954 навишта буданд. 33 сол аст, ки дар ҳамин соҳа кор мекунам, як каме ноумедӣ мешавад," – афзуд ӯ.

Рӯзи 28-уми апрел як намояндаи раёсати фарҳанги Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, бунёди биноҳои "Афсона"-ву "Ватан" воқеан таърихи тӯлонӣ доранд, вале ин ду бино дар рӯйхати биноҳои таърихии вилоят нестанд.

Ҳоло барои тахриби бино корҳои омодагӣ ҷараён дорад. Кормандони кохи "Ватан"-ро ба қасри фарҳанг кӯчонидаанд.

Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"
Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"

Раҳбарияти ин ниҳод гуфтанд, ки дар қасри фарҳанг якчанд муассисаи дигар ҷой дода шудаанд ва ин ҷо барои пеш бурдани кор чандон муносиб нест. Мегӯянд, масъулони сохтмон аз онҳо дархост кардаанд, ки кохи "Ватан"-ро пурра холӣ кунанд, вале дар оянда барояшон бинои наве месозанд ё не маълум нест.

Ба қавли раҳбарияти кохи "Ватан" ҳанӯз баъзе дастгоҳҳояшон дар бинои кох мондааст ва «Муҳибулло Саъдуллоев мехоҳад, ин макон зудтар холӣ карда шавад.»

"Чанд рӯз пеш ӯ (манзур Муҳибулло Саъдуллоев) маро дафъат кард, ки муаллима чӣ кор кардед, ҷойро холӣ кардед? Гуфтем, холӣ кардему се чаҳор дастгоҳ мондааст. Акнун маҳкам карда, корро сар мекунанд," – гуфт Мавлуда Раҷабзода, мудири кохи "Ватан".

Кохи "Ватан" дар маркази шаҳри Бохтар ҷойгир буда, он ҷо ҳунармандони дастаи шашмақом ва ансамбли мусиқии "Хутал" фаъолият мекарданд. Ин ҷо макони тамрину баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ будааст.

На чандон дуртар аз ин бино дар кӯчаи марказии шаҳри Бохтар театри вилоятии лӯхтак – “Афсона” ҷойгир аст, ки атрофи он бо далели тахриб шудан аллакай "тунукапеч" шудааст. Кормандони онро ба театри Ато Муҳаммадҷонови Бохтар кӯчонидаанд.

Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"
Акс аз сомонаи "Азия-Плюс"

Хайрулло Давлатов, мудири театри "Афсона", рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов муваққатан ҷо ба ҷо шудаанд, вале маълум нест оянда корашонро дар куҷо идома хоҳанд дод.

"Бинои театри "Афсона" солҳои 40-ум сохта шудааст, як макони таърихӣ аст, меъёрҳои як театри лӯхтак дар онҷо буд. Ҷойи нигаҳдори лӯхтакҳо буд. Тахриб мешавад. Дигар чӣ гӯем, ки дар нақша омадааст, дигар илоҷ надорем," – афзуд ӯ.

Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфт, вайрон кардани театри «Афсона» ва кохи "Ватан" бар асоси "генплан" ё нақшаи куллии шаҳр сурат мегирад. Ба қавли ӯ, дар ҷои театр бинои 16-ошёнаи истиқоматӣ ва дар макони кох маҷмааи "Ватан" ба таври замонавӣ аз нав сохта шуда, дар ду тарафи он меҳмонхона бунёд хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки ҳамсуҳбатони мо тасдиқ мекунанд, иншооти навро дар ҷои кохи "Ватан" Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент месозад, Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ гуфт, «бунёди иншооти нав аз сӯи кадом соҳибкоре анҷом дода мешавад», ки исми ӯ дар ёдаш намондааст.

Вай афзуд, бинои баландошёнаро дар макони театри "Афсона" соҳибкоре бо номи Қурбоналӣ Қаҳҳоров бунёд мекунад. Вале як масъули театр таъкид намуд, ки "то ҷое шунидааст, тахриби театр ва бунёди бинои нав аз тарафи Ҳоҷӣ Зайнулло сурат мегирад, вале дар ин маврид то ҳол санадҳои расмиеро дастрас накардаанд".

Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморию шаҳрсозии Бохтар гуфт, биноҳҳои тахрибшаванда на дар тобеяти онҳо, балки дар ҳисоби ҳукумати вилоят аст, бино бар ин наметавонад мавзуъро бештар шарҳ диҳад.

Вале баъзе аз кормандони театри "Афсона" ва кохи "Ватан" донистан мехоҳанд, ки бо тахриби биноҳҳо оянда корашонро дар куҷо ва дар чӣ шароите пеш хоҳанд бурд.

Талошҳои мо барои суҳбат бо Муҳибулло Саъдуллоеву Зайнулло Соҳибов, ки масъулони сохтмонҳои нав гуфта мешаванд, то ҳол бенатиҷа монд. Дар сурати пайдо намудани онҳо мавқею назарашонро илова хоҳем кард.

Муҳибулло Саъдуллоев аз афроди бонуфуз дар минтақаи Хатлон буда, 8 сол пеш, ҳангоми даъво барои бозори “Ином”-и Шаҳритус, номаш бештар расонаӣ гардид.

Зайнулло Шарифзода (Соҳибов) соли 2020 раиси Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат таъин шуд. То омадан ба ин мақом дар вазифаи раиси корхонаи "Сементи Тоҷик", ноиби мудири кулли "Тоҷикхимпром"-и ноҳияи Ёвон ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Мухолифон ҳузури назарраси наздикони раисҷумҳури Тоҷикистонро дар тарҳу сохтмонҳои бузург борҳо танқид кардаанд. Масъалаи гирифтани иҷозаи сохтмон дар тарҳҳои муҳим ба назари огоҳон чандон осон нест, вале чунин назарҳо низ вуҷуд дорад, ки афроди наздик ба мансабдорони баландпоя бо истифода аз нуфузашон чунин амалро бидуни мушкил анҷом медиҳанд. Ин ҳам рӯшан нест, ки барои ба даст овардани ин тарҳҳо озмуну тендере баргузор шудааст ё не.

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки биноҳои таърихӣ ба хотири бунёди биноҳои баландошёнаву замонавӣ вайрон карда мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта шаҳрдории Душанбе ният дошт хона-музейи Садриддин Айниро дар Душанбе тахриб кунад, вале дар пай нигаронии фарҳангиён ва баҳсҳои гарм дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вайрон кардани он даст бардошт.

XS
SM
MD
LG