КДАМ Қирғизистон гуфтааст, ки иттилои мазкур беасос аст ва "бино ба маълумоти дақиқи онҳо, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи "Байрактар" - ширкати "Байкар Макин" ва дигар ширкатҳои туркӣ шартнома набастааст".
"Ҷумҳурии Қирғизистон сиёсати сулҳпарварона ва ҳусни ҳамсоядориро пеша карда, барои ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми талошашро анҷом медиҳад. Қирғизистон бесарнишинҳои туркиро қатъиян бо ҳадафи мудофиаи худ дар пайи афзоиши хатарҳои террористиву мазҳабӣ дар ҳудуди Афғонистон, харидорӣ кардааст. Ҷониби Қирғизистон ҳаргиз ҷонибдорӣ сиёсати хашин нисбати ҳамсоякишварҳояш набуд ва нахоҳад буд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Хулуси Акар 20-уми апрел дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд. Тибқи хабари вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.
Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Туркия тақрибан як сол пас аз сафари Хулуси Акар ба Тоҷикистон моҳи июли 2021 ду моҳ баъд аз муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.
Он замон вазири дифои Туркия аввал ба Қирғизистон сафар кард ва дар онҷо дар мавриди созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи низомӣ, ки дар натиҷаи сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркия моҳи июни 2021 ҳосил шуданд, гуфтугӯ кард.
Ҳосили ҳамкориҳои Бишкек ва Анқара харидани ҳавопаймоҳҳои бесарнишини "Bayraktar TB2" аз сӯи Қирғизистон шуд. Ба ин тартиб, Қирғизистон дар миёни кишварҳои узви СПАД нахустин кишваре шуд, ки соҳиби паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ шуд ва моҳи марти 2022 аз истифодаи онҳо дар як размоиш хабар дод.
Ҷеенбек Кулубоев, номзад ба мақоми вазирии корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, ки пештар ҷониби Қирғизистон аз Туркия хоста буд, ба Тоҷикистон бесарнишин нафурӯшад.