Ссылки доступа

Дастгоҳи президенти Қирғизистон: Расонаҳоро ба "худию бегона" ҷудо намекунем


Сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Олтинбек Ҷумаев мегӯяд, мақомоти кунунии он кишвар расонаҳоро "ба худӣ ва бегона" ҷудо намекунанд.

Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо рӯзноманигор Майраш Базлакунова изҳори назар кардааст. Навори суҳбат дар саҳифаи рӯзноманигор дар Ютуб нашр шудааст.

Жумаев бо ишора бар он ки шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президентҳои собиқи Қирғизистон рӯзноманигоронро ба "худӣ ва бегона" ҷудо мекарданд, гуфтааст, ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ омодааст, бо ҳамаи расонаҳо якхел ҳамкорӣ кунад.

Дар Қирғизистон аз оғози соли равон зидди як қатор расонаҳои мустақил, аз ҷумла Kaktus.Media, телевизиони Next TV, рӯзноманигор ва бунёдгузори Temirov.Live Болот Темиров парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG