Ссылки доступа

Ширкати Анипа Назарбоева ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд


Додситонии кулли Қазоқистон 3 май хабар дод, ки дар бахши эъломияҳои гумрукии молу маҳсулоти воридшаванда як қатор қонуншиканиҳоро ошкор кардааст.

Дар миёни ширкатҳои гумонбар ба нақзи қонунгузории гумруки Қазоқистон номи ширкати "Group Of The Companies Tda" низ ҳаст, ки муассиси он Анипа Назарбоева номида мешавад. Хоҳари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев айнан ҳамин ному насабро дорад.

"Ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва эъломияҳои дуруғ ошкор карда гардида, дар натиҷаи онҳо буҷаи давлат 165 миллиард танга зарар дидааст. Танҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Чин 367 ҳолати эъломияи дуруғ ошкор гаштааст", - омадаааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ба иттилои сомонаи Orda.kz, муассисони "Group Of The Companies Tda" Анипа Назарбоева ва Алӣ Клишпаев мебошанд. Дувумӣ директори ин ширкат номбар шудааст. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар интиқоли худсаронаи моли мавриди ниёзи мардум аз марзи давлатӣ, ки арзиши умумии он беш аз 585 миллион тангаро ташкил додааст, гумонбар мешавад.

XS
SM
MD
LG