Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Қазоқистонро дар парвандаи ҳаводиси моҳи январ ҳамчун "шоҳид" ҷалб кардаанд


Аз рӯи далели марги сокинони осоишта дар ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон ҳеч кадом аз неруҳои вазорати мудофиаи он кишвар то кунун гумонбар дониста нашудааст.

Роҳбарияти вазорати мудофиаи он кишвар ҳамчун шоҳид дар доираи парвандаи мазкур ба додгоҳ ҷалб кардаанд. Дар ин бора рӯзи 3 май сухангӯҳои вазорати мудофиаи ва ситоди кулли неруҳои Қазоқистон хабар доданд.

"Тафтишот давом дорад, гуруҳи махсуси тафтишотӣ ташкил шудааст. Ҳамаи ширкатдороне, ки дар таъмини ҳолати фавқулода ширкат карданд, ба ҳайси шоҳид ҷалб шудаанд", - гуфт Султон Камолиддинов, муовини вазири мудофиаи Қазоқистон.

Созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch (HRW) пештар хабар дода буд, ки аз 4 то 6 январ неруҳои қазоқистонӣ ҳадди ақал чаҳор маротиба сӯи эътирозгарон аз силоҳи оташфишон тир кушодаанд. Зоҳиран, неруҳои амниятӣ на камтар аз 10 касро ба ҳамин тартиб куштаанд ва эҳтимол, теъдоди кушташудаҳо дар оташкушоӣ ба маротиб бештар бошад.

Дар ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон ба иттилои расмӣ 238 кас кушта шудааст. 19 тан аз онҳо кормандони мақомоти қудратӣ буданд. Теъдоди дақиқи кушташудаҳо аз ҳисоби сокинони осоиштаро мақомоти Қазоқистон то ҳол эълом накардаанд.

XS
SM
MD
LG