Ссылки доступа

Қазоқистон ба эмшавии такрорӣ зидди COVID-19 иҷозат дод


Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон Ойжан Есмагамбетова бо имзои як қарор иҷозат додааст, ки ҳамаи сокинони ин кишвар бо мояҳои ваксинаи зидди коронавирус такроран эм шаванд.

Дар қарор ба эмшавии сокинон бо ваксинаҳое иҷозат дода шуда, ки аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эътироф шудаанд.

"Сокинон ихтиёрӣ ва танҳо баъд аз дарёфти маълумоти пурра бори дувум зидди коронавирус эм карда мешаванд", - омадааст дар қарори сардухтур, ки 3 май нашр гашт.

Вазорати тандурустии Қазоқистон таъкид кардааст, ки тағироти ахир ба қарори сардухтури беҳдоштӣ дар бораи эмшавии такрорӣ зидди COVID-19 "бо назардошти дархостҳои сокинон" ворид карда шудааст.

Дар қарори қаблии сардухтури беҳдоштии Қазоқистон омада буд, танҳо шахсоне метавонанд, такроран зидди коронавирус эм шаванд, ки қасди сафар ба хориҷро доранд.

XS
SM
MD
LG