Ссылки доступа

Журналистони тоҷик дар бораи сензура (гулчин)


People enjoy the colorful blooms of the poppy flowers in a field in Leninskoye, Kyrgyzstan on April 28.
People enjoy the colorful blooms of the poppy flowers in a field in Leninskoye, Kyrgyzstan on April 28.

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Журналистони тоҷик дар бораи сензура. (видео)

- Шикояти наздикони як қурбонии ҷанги сарҳадӣ. Пайвандони Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки се моҳ пеш дар низои марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуд, аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд. Онҳо гуфтанд, ваъда шуда буд, маоши 60-моҳаашро пардохта, замин медиҳанд ва кӯчаеро ба номаш мегузоранд, вале иҷро нашуд.

- Идораи роҳсозии Кӯлоб куҷо шуд? ​Кӯлоб сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон, бо 230 ҳазор аҳолӣ як сол боз идораи роҳсозӣ надорад. Набуди ниҳоде, ки роҳҳоро нигоҳубин мекунад, бархе аз ронандаҳоро маҷбур кардааст, мошинро як сӯ гузоранду роҳҳоро таъмиру ҳамвор кунанд. ​ (видео)

- Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик кам шудааст.​ Ба сабаби ҷанги Русия дар Украина ва таҳримоти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба зидди ин кишвар, ширкатҳои русӣ зарар мебинанду ҷойҳои кориро камтар мекунад. Харҷ барои муҳоҷирони кирояро ҳам. (видео)

- Чаро муҳоҷирон пули кам мефиристанд? Бар асоси пешгӯиҳои Бонки Осиёии Рушд, мумкин аст, то охири соли 2022 интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёбад. Хонаводаҳое, ки аз ҳисоби пули фарзандони муҳоҷирашон рӯз мегузаронданд, мегӯянд, дар пайи таҳримҳо ба зидди Русия барои онҳо ҳам аллакай маблағи кам фиристода мешавад. (видео)

- Дар Русия ҷойи кор барои муҳоҷирони тоҷик кам шудааст. Ба сабаби ҷанги Русия дар Украина ва таҳримоти иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба зидди ин кишвар, ширкатҳои русӣ зарар мебинанду ҷойҳои кориро камтар мекунад. Харҷ барои муҳоҷирони кирояро ҳам (видео)

- Чаро дигар ба Чоркӯҳ об намеояд? Як гуруҳ аз сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят доранд, ки қариб як моҳ аст Қирғизистони интиқоли оби нӯшокиро барои онҳо қатъ кардааст. Чунин шикоятҳо аз номи сокинони ҷамоати Чоркуҳи Исфара ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Радиои Озодӣ расидааст. (видео)

- Нахустпрезидент. Нигоҳе ба кор ва мероси Қаҳҳор Маҳкамов.​ Агар умр вафо мекард, рӯзи 16-уми апрели имсол Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 90-сола мешуд. Раиси ҷумҳуре, ки муддати кӯтоҳ раҳбари кишвар буд ва дар талотумҳои сиёсии солҳои 90-ум аз сиёсат канор рафт. Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи мерос ва назарҳо дар бораи ӯст. (видео)

- ​Сокини Душанбе идораи барқро ба додгоҳ кашид.​ Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.

- Ба вакил иҷозат надоданд, баҳси артишро бардорад.​Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20-уми апрел нагузошт, ки баъзе аз вакилон тарзи даъвати ҷавононро ба артиш ба баҳс кашанд. Дар ин рӯз муовини аввали вазири дифоъ ба порлумон омада буд. Баъзе ҳуқуқдонҳо рафтори Зокирзодаро танқид карданд, як намояндаи Маҷлис “дуруст” номид. (видео)

- "Алифбонк" мехоҳад корашро бар асоси шариати исломӣ раҳандозӣ кунад. ​Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт. (видео)

- Дар Қирғизистон мехоҳанд, таҳсил дар макотиби миёнаро 1 сол бештар кунанд​. (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG