Ссылки доступа

Узбекистон ҳалокати як сарбозаш дар марз бо Афғонистонро рад кард


Вазорати умури хориҷии Узбекистон роҷеъ ба хабари оташкушоӣ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ва ҳалокати як марзбони узбек, ки 4 май паҳн шуд, изҳорот нашр кард.

"Ин хабари паҳншуда ҳақиқат надорад. Вазъ дар марзҳои кишвар ором боқӣ мемонад ва муҳофизати марзҳои ҷанубии кишвар тибқи маъмулӣ идома дорад", - омадааст дар изҳорот.

Намояндаи расмии ҳукумати муваққати гуруҳи Толибон дар Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ хабари тирпаронӣ дар марз бо Узбекистонро рад карда, онро дуруғ номидааст.

XS
SM
MD
LG