Ссылки доступа

Маҳдудияти сафари қирғизистониҳо ба Русия аз роҳи заминӣ бекор мешавад


Русия аз 16 май маҳдудияти сафари шаҳрвандони Қирғизистонро ба қаламрави худ аз роҳи заминӣ бекор мекунад.

Ба огаҳии Девони вазирони Қирғизистон, ҳукумати Русия дар ин бора бо назардошти муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ қарореро қабул кардааст.

Масъалаи бекор кардани маҳдудияти сафари қирғизистониҳо ба Русия аз роҳи заминӣ дар ҷаласаи ахири комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар баррасӣ шуда буд.

Ҳамчунин маҳдудияти сафари русиягиҳо ба Қирғизистон низ бекор хоҳад шуд.

Русия сафари шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави худ аз роҳи заминӣ соли 2020 ба далели пандемияи коронавируси нав маҳдуд карда буд.

XS
SM
MD
LG