Дипломати қазоқ пештар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кард, ки аз истифодаи номҳои даврони шӯравӣ ва Русияи подшоҳӣ бояд "даст кашида" номи пешини пойтахти кишварашро, ки ахиран ба номи президенти нахустин Нурсултон Назарбоев гузошта шуд, баргардонида шавад.
Бино ба пешниҳоди ӯ, мақомоти қазоқ бояд бо баргузории як ҳамапурсӣ аз номҳои баҳсбарангези минтақаҳои маъмурӣ даст кашанд. Вай ҳамчунин барои баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон номҳои нав пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла, Шариф хостааст, минтақаи ҳаммарзи Қазоқистон бо Русия -- вилояти Павлодар ва маркази маъмурияш - шаҳри Павлодар "Сарыарқа өңірі" ва "Ертіс" номгузорӣ шаванд.
Ин пешниҳодҳои сафири Қазоқистон дар Миср баъди имзои ташкили се вилояти нав дар кишвараш садо доданд.