Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, Усмонов 29 апрел Шӯрои Аврупоро ба додгоҳ кашидааст.
"Даъвогар талаб дорад, ки шӯро чораҳои маҳдудкунанда зидди вайро бекор кунад ва ҳамчунин иҷрои онҳоро то содир шудани ҳукми додгоҳ боз дорад", - гуфтаанд дар додгоҳ.
Иттиҳоди Аврупо ҳамагӣ чаҳор рӯз пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар рӯзи 24 феврал зидди Усмонов таҳрим ҷорӣ кард. Худи ҳамон рӯз соҳибкорони дигари рус Михаил Фридман, Петр Авен ва Алексей Мордашев ҳам ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил карда шуданд.