Ссылки доступа

Конгресс барои кумак ба Украина $40 млрд ҷудо кард


Маҷлиси намояндагони ИМА бо аксари оро лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, барои кумаки низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Украина 40 миллиард доллар ҷудо хоҳад шуд.

Ин пул аз маблағе, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден барои кумак ба Украина дархост карда буд, 7 миллиард доллари амрикоӣ бештар аст.

Бори дувум аст, ки Конгресси Амрико баъди ҳамлаи Русия ба Украина барои Киев маблағи ҳангуфт ҷудо менамояд.

Қонунгузорҳои Амрико моҳи марти соли равон иҷозат дода буданд, ки ба Украина 13,6 млрд доллар кумак карда шавад. Дар сурати қабули сенат ҳаҷми кумакҳое, ки барои Украина аз оғози ҷанг ҷудо шудаанд, ба беш аз 50 млрд доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG