Ссылки доступа

Дар Узбекистон корфармоён вазифадор шуданд, кормандонашонро ба сайёҳат фиристанд


Корфармоён дар Узбекистон вазифадор шуданд, ки аз 1 июни соли равон барои кормандони худ соле як бор шароити анҷоми сафари дохилии сайёҳиро фароҳам кунанд.

Дар қарори раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи чораҳои иловагӣ барои гуногунсозии хидматрасониҳои сайёҳии дохилӣ, ки 2 май ба имзо расид, гуфта шудааст, як қисми харҷи ин сафар аз ҳисоби корфармоён пардохт мешавад.

Ҳукумати Узбекистон мехоҳад, бо ин роҳ туризми дохилиро тақвият бахшида, шумори сайёҳонро бештар кунад ва буҷаҳои маҳаллиро афзоиш диҳад.

Созмони ҷаҳонии гардишгарии СММ соли 2020 Узбекистонро ба рӯйхати 20 кишваре ворид кард, ки бахши сайёҳияшон босуръат рушд мекунад.

XS
SM
MD
LG