Ссылки доступа

Туркманистон баъзе аз парвозҳои байналмилалиро иҷозат медиҳад


Туркманистон тасмим дорад, аз 1 июли имсол маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабуктар карда, парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар ду масири байналмилалӣ ба роҳ монад.

Бино ба иттилои Хабаргузории расмии Туркманистон, аз 1 июли соли равон пӯшидани ниқоб танҳо дар дохили бино ва ҷойҳое, ки болояшон пӯшида аст, ҳатмӣ хоҳад буд.

Тасмими сабуктар кардани маҳдудиятҳо дар ҷаласаи ахири ҳукумати он кишвар гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа пешниҳод шуда, ки парвози ҳавопаймоҳо ба Олмону Аморати Муттаҳидаи Араб ҳафтае як бор иҷозат ва фаъолияти минтақаи миллии сайёҳии "Аваз" дар тобистони соли равон низ аз сар гирифта шавад.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов низ ин пешниҳодҳоро пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG