Ссылки доступа

Нафткашҳои Жанаозен шабро пушти дари Вазорати меҳнати Қазоқистон рӯз карданд


Гуруҳе аз кормандони ширкати "Кезби" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки барои додхоҳӣ ба шаҳри Нурсултон рафта буданд, шабро дар назди бинои Вазорати меҳнати он кишвар сипарӣ кардаанд.

Ин гуруҳи кормандон, ки бо талаби шароити беҳтари корӣ ва маоши бештар беш аз як ҳафта мешавад, дар Нурсултон қарор доранд, тавонистанд бо як қатор мансабдорон дидору гуфтугӯ кунанд, вале ба гуфтаашон, ин суҳбатҳо натиҷае надодааст.

"Шаб хеле сард буд. Бо либоси тобистона сармо хурдем. Ташаккур, ба сокинони пойтахт, ки барои мо чой ва ғизои гарм оварданд, Моро дастгирӣ карданд. 11 рӯз мешавад, ки дар инҷо ҳастем, аммо мушкиламон ҳал нашудааст", - изҳор дошт яке аз кормандони "КЕЗБИ" Берик Жылкелдиев.

Коргарони ширкати нафткаши "Кезби"ахиран дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон корпартоӣ ва маоши бештару беҳсозии шароити кориро талаб карданд.

Онҳо рӯзи 19 апрел бо шиорҳои навсозии коргоҳ ва қатъи таъқиби аъзои иттифоқи коргарӣ ба корпартоӣ баромаданд. Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи коргарони коргоҳ гуфт, коргарон соли дувум аст, ки маоши бештар талаб доранд, аммо корфармо дар ивази иҷрои талаби коргарон онҳоро таъқиб мекунад.

XS
SM
MD
LG