Ссылки доступа

Донишҷӯён ба артиш ихтиёрӣ мераванд ё маҷбурӣ? (гулчин)


Crimea, Ukraine --Tugboats dragged a rocket hovercraft into the sea from the Sevastopol Bay, 08May2022
Crimea, Ukraine --Tugboats dragged a rocket hovercraft into the sea from the Sevastopol Bay, 08May2022

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Тоҷикистон бояд роҳи севумро интихоб кунад". Ширкати Moody's, ки тавоноии қарзгирии кишварҳоро арзёбӣ мекунад, гуфт, рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав баррасӣ мекунад. Ҳадафаш ҳам маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар баргардонидани он суст шудааст ё не? ​ (видео)​

- Раҳпаймоии баҳсбарангез дар Душанбе баргузор шуд. Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст. (видео)

- Донишҷӯён ба артиш ихтиёрӣ мераванд ё маҷбурӣ? ​Мақомот ва сарони донишгоҳҳо дар Тоҷикистон бо ситоиш ва қаноатмандӣ хабар медиҳанд, ки шумори зиёди донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ мераванд. Айни замон баъзе аз донишҷӯён мегӯянд, онҳоро маҷбурӣ мефиристанд. Танҳо дар вилояти Хатлон донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, беш аз 900 сарбоз диҳанд. (видео)

- Ёдворае аз корномаи Мирсаид Миршакар.​ Муаллифи шеърҳои машҳури кӯдакона, Мирсаид Миршакар, рӯзи 5 май 110-сола шуд. Бисёриҳо ӯро марди шӯхтабиату дилсӯз ва ҳомии дигарандешон ба ёд меоранд. Бархеи дигар мегӯянд, ӯ Сотим Улуғзодаро барои фирори писараш аз Иттиҳоди Шӯравӣ зери фишор гирифта буд. ​(видео)

- Шикояти наздикони як қурбонии ҷанги сарҳадӣ. Пайвандони Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ", ки се моҳ пеш дар низои марзӣ дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуд, аз ваъдахилофии мақомот шикоят доранд. Онҳо гуфтанд, ваъда шуда буд, маоши 60-моҳаашро пардохта, замин медиҳанд ва кӯчаеро ба номаш мегузоранд, вале иҷро нашуд (видео)

- Идораи роҳсозии Кӯлоб куҷо шуд? ​Кӯлоб сеюмин шаҳри калони Тоҷикистон, бо 230 ҳазор аҳолӣ як сол боз идораи роҳсозӣ надорад. Набуди ниҳоде, ки роҳҳоро нигоҳубин мекунад, бархе аз ронандаҳоро маҷбур кардааст, мошинро як сӯ гузоранду роҳҳоро таъмиру ҳамвор кунанд. ​ (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG