Ссылки доступа

Дар СММ гуфтанд, дар вилояти Киев ҳазорон ҷасад пайдо шудааст


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, баъди рафтани неруҳои Русия дар вилояти Киеви Украина ҷасади ҳазорон нафарро пайдо кардаанд.

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари СММ пеш аз раъйгирӣ гуфт, ки пас аз бурунрафти низомиёни рус дар нимаи аввали моҳи апрел дар вилояти Киеви Украина ҳазорон ҷасад пайдо шудааст ва ин метавонад ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ шавад. "Миқёси кушторҳо, аз ҷумла эъдомҳои дастаҷамъӣ дар манотиқи шимолии Киев ҳайратовар аст", - афзуд Бачелет.

Дар ҷаласаи шӯро таҳқиқи байнулмилалии ҳаводисе баррасӣ карда шуд, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои Русия ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Киеви Украина рух додаанд.

Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Киев баъди бурунрафти низомиёни рус дар рӯзи 2 апрели соли равон ҷасади сокинони осоиштаро пайдо карданд. Бино ба арзёбиҳо, дар Буча ҳадди ақал 400 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG