Ссылки доступа

Дар шоҳроҳи Алмато - Тошканд як автобус чапа шудааст


Дар натиҷаи чапа шудани як автобус дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон 12 май 2 кас ҷон бохта, 33 тани дигар захмӣ шудааст.

Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, ронандаи автобус ҳангоми боридани борони сахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба як трактор бархурдааст.

"Дар натиҷа ёвари ронанда ва як мусофир да ҷои ҳодиса ҳалок шудаанд. 33 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд", - афзудааст пулиси Ҷамбил.

Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамбил гуфт, автобус, ки дар масири Тошканд - Алмато ҳаракат мекард, дар ҳудуди деҳаи "Бауирҷон Момишулӣ" ба трактор бархурда, чапа гаштааст.

Тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG