Ссылки доступа

Боздошти 11 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, ки дар як кони ангишти Сулукту 11 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Тоҷикистонро дастгир кардааст.

"Кормандони кумита 29 апрели соли равон дар Сулукту 11 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд, ки дар кони ангиште ғайриқонунӣ фаъолият мекарданд. Ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон мебошанд", - омадааст дар иттилоияи кумита.

Манбаъ афзуда, ки ин шаҳрвандони Тоиҷикистон гӯиё дар ҳудуди Қирғизистон ғайриқонунӣ ҳузур доштанд. Зидди онҳо бо банди убури ғайриқонунии марзи давлатии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро комилан ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG