Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 15 май барои иштирок дар ин вохӯрӣ ба пойтахти Русия парвоз кардааст.
Интизор меравад, сарони СПАД масоили калидии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмон, мушкилоти мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин тадбирҳои такмили минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъиро баррасӣ кунанд.