Ссылки доступа

Чаро қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Гуфтугӯ бо Адаш Истад дар Самарқанд.​ Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст. Суҳбати хабарнигори моро бо ӯ бубинед. ​(видео ТР)

- ​Тоҷикистон ба 4 ҳазор парастор эҳтиёҷ доштааст. Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва ин кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишк ва корманди миёнаи тиб ниёз дорад. (видео)​

- ​Чаро қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт? ​Нархи орд дар Тоҷикистон боз боло рафт. Рӯзи 13 май як халта орди истеҳсоли Тоҷикистон дар бархе аз фурӯшгоҳҳо то 350 сомонӣ ва орди навъи аъло, ки аз Қазоқистон ворид мешавад, то 380 сомонӣ қимат дошт. (видео)

- Ёде аз Барно Исҳоқова. Вақте ки Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, бори аввал шашмақомхонии Барно Исҳоқоваро аз радио шунид, ӯро “Левичаи зан” дар шашмақом номид. Левича шашмақомхони шумораи яки яҳудиасли дарбори амирони Бухоро буд, ки ягон маҳфил бе ҳузури ӯ намегузашт. (видео)

- "Сарбозшикор" дар Ёвон. Духтарон нагузоштанд, ҷавононро ба артиш баранд.​ Намояндагони мақомот рӯзи 11-уми май талош кардаанд, хатмкунандагони Коллеҷ ё Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвонро ба комиссариати ҳарбӣ баранд, аммо муваффақ нашудаанд. (видео)

- ​Бемористонҳои нави Кӯлоб "ҳаракат мекунанд".​ Мушкили сокинони деҳоти дурдасти минтақаи Қулоб, ки аз набуди бемористони муҷаҳҳаз ва хизматрасониҳои тиббӣ азият мекашиданд, барои муддате ҳал шуд. Дармонгоҳи Сайёре дар ин минтақа сокинонро ройгон ташхис мекунад. (видео)

- "Тоҷикистон бояд роҳи севумро интихоб кунад". Ширкати Moody's, ки тавоноии қарзгирии кишварҳоро арзёбӣ мекунад, гуфт, рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав баррасӣ мекунад. Ҳадафаш ҳам маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар баргардонидани он суст шудааст ё не? ​ (видео)​

- Раҳпаймоии баҳсбарангез дар Душанбе баргузор шуд. Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале ақидаҳои мухолиф низ ҳаст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG