Ссылки доступа

Қазоқистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод дорад, "Amazon-и осиёимарказӣ" таъсис шавад


Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ пешниҳод дорад, ки барои пайвастан ба тиҷорати байналхалқии электронӣ - Amazon, e-Bay, Alibaba ва AliExpress дар якҷоягӣ талош кунанд.

Ин пешниҳод дар конфронси "Аз харитаҳои роҳи миллӣ то ислоҳоти минтақаӣ" дар шаҳри Нур-Султон баррасӣ шудааст. Ба даъвати Қазоқистон кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъсиси Amazon-и минтақаӣ посухи мусбат додаанд.

Кишварҳо ҳамчунин масъалаи содироти муштараки маҳсулоти Осиёи Марказиро ба бозори Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG