Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати "ZUMA-PHARMA"-и Узбекистон бо ширкати русии "Герофарм" барои истеҳсоли инсулин шартнома бастанд.
Дар ҳоли ҳозир омодагиҳо барои сохтани корхона идома дорад. Аммо маълум нест, корхона кай ва дар куҷо бунёд мешавад ва иқтидори истеҳсолиаш чӣ қадар хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки дар Узбекистон як корхонаи дигари истеҳсоли инсулин дар соли 2018 бунёд шуда, вале то кунан ба истеҳсол напардохтааст.
Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон, дар он кишвар бештар аз 245 ҳазор кас ба бемории қанд гирифтор аст. Ин афрод ба инсулин ниёз доранд ва ин доруро бояд ройгон дастрас кунанд.