Ссылки доступа

Манобеъ: Дар ҳодисаи маркази Бадахшон "як кас кушта шуд"


Хорог, 16 мая 2022 года

Бино ба хабарҳои расида, дар пайи эътирози сокинону тирандозии нерӯҳои интизомӣ дар Хоруғ, Замир Назаршоев, соли таваллудаш 1992, бошандаи маҳаллаи Гулакен, кушта шудааст. Ҳодиса 16-уми май рӯй дод.

Дастикам чаҳор манбаъ хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои маъруф дар минтақа, ки мақомот ӯро ба ташкили эътирозҳо айбдор медонанд, шоми 16-уми май гуфт, "Назаршоев ҳангоми тазоҳурот кушта шудааст". Тафсилоти дигар дар даст нест.

Мақомот ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд.

Издиҳоми ҷавонон рӯзи 16-уми май, пас аз он ки мақомот гуфтанд, талабҳои ду рӯз пеши норозиёнро баррасӣ намекунанд, хостори баргузории тазоҳурот дар назди бинои ҳукумат шуд, вале дар роҳ, дар маҳаллаи Чинак, бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯ ба рӯ гашт.

Сокинони норозӣ ду рӯз пеш, 14-уми май, истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, гуфта буданд, дар сурати беэътиноии мақомот дубора тазоҳурот мекунанд. Мақомот онҳоро ғайриқонунӣ дониста, баррасӣ накарданд.

Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, рӯзи 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Сокинон гуфтанд, ки аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода шудааст.

Ду манбаъ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се нафари захмиро ба шифохонаи Оқохон, дар маҳаллаи Бархоруғ, бурдаанд. Баъзе аз манобеъ шумораи захмиёнро бештар мегӯянд.

Дар ҳоле ки эътирози сокинон дар Хоруғ ҷараён дошт, телевизиони Бадахшон изҳороти додситони вилоятро гаштаву баргашта пахш кард, ки дар он аз сокинон хостааст, ба тазоҳурот ҳамроҳ нашаванд, чун ҷавобгарӣ дорад.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печида аст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.

Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG