Ссылки доступа

"Узбеккосмос" бо ширкати бритониёии иртиботи моҳвораӣ ҳамкорӣ мекунад


Моҳвораи OneWeb
Моҳвораи OneWeb

Оҷонси "Убеккосмос" бо ширкати бритониёии "OneWeb", ки дар бахши иртиботи моҳвораӣ хидмат мерасонад, ёддошти ҳамкорӣ имзо кардааст.

Ҷонибҳо мехоҳанд, дар мавриди таъмини минтақаҳои дурдаст бо Интернети баландсуръат ҳамкорӣ кунанд.

Ба огаҳии оҷонс, ҳадафи ин ёддошт ҷалби "OneWeb" ба бозори Узбекистон мебошад.

“Узбеккосмос” ва ширкати бритониёӣ дар бораи таъсиси маркази муштараки таҷрибаомӯзӣ “барои истифодаи низоми телекоммуникатсионии моҳвораии "OneWeb" созиш кардаанд.

XS
SM
MD
LG