Ссылки доступа

Дар Қазоқистон корпартоии коргарони ширкати Tenge Oil & Gas се ҳафта давом дорад


Наздики сад коргари ширкати Tenge Oil & Gas дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон ҳафтаи севум аст, ки корпартоӣ доранд.

Онҳо барканории мудир, муовинони мудир ва мудири молии корхона ва ҳамчунин афзоиши маошу беҳсозии шароити кориро талаб доранд.

Коргарон мегӯянд, ширкат дар моҳ аз 6,5 то 9 ҳазор тона нафт истихроҷ мекунад ва барои иҷрои талаби коргарон маблағи кофӣ дорад.

Мудири кулли ширкати мазкур Кайрош Айтжанов гуфт, ки аз 150 коргар қисме дар рухсатии бемузд ҳастанд. Вай афзуд, ба далели аз кор мондани корхона айни замон як қатра ҳам нафт истихроҷ намекунанд.

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон соли ҷорӣ корпартоии коргарони ширкатҳои нафткаш бо талаби маоши бештар афзудааст.

XS
SM
MD
LG