Ссылки доступа

Қудратиҳои Қазоқистону Қирғизистон шабакаи интиқоли маводи мухаддирро ошкор кардаанд (видео)


Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо хадамоти махсуси Қазоқистон фаъолияти шабакаи интиқол ва фурӯши маводи мухаддири синтетикиро ошкор кардаанд.

Ба огаҳии вазорат, амалиёти ошкор ва боздошти аъзои шабака аз тирамоҳи соли 2021 ба муҳлати шаш моҳ дар ҳудуди Қирғизистон ва Қазоқистон идома кардааст.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни амалиёт ду озмоишгоҳи истеҳсоли маводи мухаддири синтетикие маҳв карда шудааст, ки тавассути Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯхта мешуданд.

Чаҳор шаҳрванди Қазоқистон ва се шаҳрванди Қирғизистон ҳамчун узви шабакаи мазкур дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG