Ссылки доступа

Қирғизистон истихроҷи тилоро дар "Қумтор" афзоиш доданист


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, соли равон нақша доранд, аз кони "Қумтор" 17,5 тонна тило истихроҷ кунанд.

Дар ин бора мудири ширкати "Мероси кӯчиҳои бузург" Тенгиз Болтурук дар суҳбат бо телевизиони "Ала-Тоо 24" хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин масъалаи афзоиши ҳаҷми истихроҷи тило дар кони мазкур низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

XS
SM
MD
LG