Тошканд то миёнаҳои асри 19 бо девор иҳота шуда, дорои 12 дарвоза буд, ки аз онҳо дарвозаҳои Лабзак, Тахтапул, Қарасарой, Сағбон, Чигатой, Кукча, Самарқанд, Камолон, Бешагач, Қоймас, Қӯқанд. ва Кошғар ном мебурданд.
Ҳар кадоме аз ин дарвозаҳоро посбонҳое муҳофизат мекарданд, ки аз тоҷирон ҳангоми воридшавӣ ба шаҳр боҷ меситониданд.
Дар ҷаласаи ахири шаҳрдории Тошканд гуфта шудааст, ки ду тои ин дарвозаҳо соли равон барқарор карда мешаванд.
Нақшаи барқарор сохтани 12 дарвозаи қадимии Тошкандро шаҳрдори он ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2021 имзо карда буд.