Ссылки доступа

Дар Қазоқистон тасмим доранд, то охири июл беш аз як миллион вояи воксини зидди COVID-19 истифода кунанд


Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон тасмим дорад, то охири моҳи июли имсол 1 миллиону 100 ҳазор вояи воксини зидди COVID-19 истифода кунад.

Мақомоти тандурустии Қазоқистон аз воксини Pfizer истифода мекунанд. То охири моҳи июл муҳлати воксинҳое, ки дар ихтиёри Қазоқистон аст, ба поён мерасанд.

То 18 майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон наздики се миллиону 100 ҳазор вояи воксини Pfizer истифода шудааст. Дар маҷмуъ Қазоқистон 4 миллиону 230 ҳазор воксин харидорӣ кардааст.

"Ҳамарӯза то 15 ҳазор сокини Қазоқистон воксин мегиранд", - хабар дод Ажар Гиният, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 18 май.

XS
SM
MD
LG