Ссылки доступа

"Амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон. Изҳороти расмӣ ва назари сокинон


Рӯшон. Акс аз моҳи июни соли 2020

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни “амалиёт” ва даргирӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон 1 афсар ва 8 сокини маҳаллӣ кушта шудаанд. Ба иттилои расмӣ, 13 афсар ва 11 сокини ноҳия захмӣ шуда, беш аз 70 нафар дастгир гардиданд. ВКД рӯзи 18-уми май ин афродро “аъзои гурӯҳи мусаллаҳ” номид. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ бо сабаби қатъ будани алоқа бо ВМКБ феълан ғайриимкон аст.

То қатъ шудани алоқа сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеч гурӯҳе дар Рӯшон мусаллаҳ набуд ва дар ин тирандозиҳо шаҳрвандони осоишта ба ҳалокат расидаанд. Вале мақомот ба мусаллаҳ будани онҳо таъкид мекунанд ва онҳоро “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ном мебаранд. Онҳо гуфтаанд, аз ин гуруҳҳо миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла “Коктейли Молотов” мусодира шудааст.

Маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон мегӯяд, “гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.” Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ, асосан ҷавонон, талош карданд, аз ҳаракати мошинҳои ҳарбӣ ба самти Хоруғ пешгирӣ кунанд, вале онҳо мусаллаҳ набуданд.

Ба гуфтаи ВКД, ин гуруҳҳо аз пеш ба чунин амал омодагӣ дида, силоҳро аз хориҷи Тоҷикистон овардаанд. Вале нагуфтанд, ки ин “гуруҳҳо” кистанд ва аз куҷо силоҳ овардаанд.

Ҳамчунин маълум нест, ин миқдор аслиҳа чӣ гуна ба ин минтақаи умдатан ноором ва таҳти назорати шадиди ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ворид карда шудааст. ВКД-и Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки ин гуруҳҳо таҳти “роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ” амал мекардаанд, вале аз ягон созмон ном бурда нашудааст.

Чандин сокини ноҳияи Рӯшон (номи онҳо ба далели амниятӣ зикр намешавад) рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тирпаронӣ субҳи барвақт сар шуда, то соати яки рӯз, вақте ки алоқаи телефонӣ бо Рӯшон қатъ гашт, идома дошт. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ ному насаби 5 сокини маҳаллиро зикр карданд, ки дар ҳодисаҳои нимаи аввали рӯзи 18-уми май кушта шудаанд. Бино бар адами тасдиқи комил ин номҳо нашр карда намешаванд.

Сокинони маркази ноҳияи Рӯшон гуфтанд, кормандони умури дохилӣ ба хонаҳои мардум даромада, аз мардҳо ва писарон тақозо мекунанд, онҳоро барои пайдо намудани нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта роҳнамоӣ кунанд. Асосан онҳое ҷустуҷӯ мешуданд, ки рӯзи 17-уми май хостанд, дар маркази ноҳия ба нишони эътироз гирдиҳамоӣ кунанд, аммо аз ҷониби мақомоти интизомӣ пароканда карда шуданд.

Сокинон гуфтанд, роҳи мардуми деҳаҳои атроф ба маркази ноҳия баста шудааст. То қатъ шудани алоқаи телефонӣ ба Радиои Озодӣ муяссар гашт бо Додхудо Фаррух, раиси ноҳияи Рӯшон тамоси телефонӣ гирад. Номбурда бо шунидани суол, ки вазъ дар ин ҷо чӣ гуна аст, чизе нагуфт ва робитаро қатъ кард.

Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъ дар Кӯлоб хабар доданд, ки ба онҷо ҷасади як афсари 29-солаи нерӯҳои “Алфа” овардаанд. Гуфта мешавад, Файзалӣ Ҷабборзода рӯзи 17-уми май дар ноҳияи Рӯшон кушта шудааст. Ӯ аз қафаси синааш тир хӯрдааст. Файзалӣ Ҷабборзодаро 18-уми май дар ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон марги як афсарро тасдиқ карда, вале аз ӯ ном набурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз қурбониёни "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар медиҳад, ки аз 16-уми май ба ин тараф шаҳри Хоруғ ҳам ноором аст. Сокинони норозӣ аввал истеъфои раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ва озодии боздоштшудаҳоро тақозо карда, баъди он ки посухи рад гирифтанд, ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, шоми 16-уми май ба зидди ҷавонон аз воситаҳои парокандакунӣ истифода шудааст. Баъзе аз сокинон аз истифодаи гази ашковар ва баъзеи дигар аз истифодаи тирҳои резинӣ хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари даргирӣ миёни сокинони норозӣ ва мақомоти қудратӣ як бошандаи Хоруғ ба ҳалокат расида, се афсари пулис захмӣ шуданд. Сокинон мегӯянд, шуморе аз мадуми одӣ низ маҷруҳ шудаанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ, ба ин сӯ печидааст. Эътирозгарон он замон пас аз мувофиқати "Комиссияи 44" (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд. Шартҳо ин буд, ки ҳукумат дастрасиро ба интернет дар Бадахшон дубора барқарор мекунад, эътирозгаронро ба ҷавобгарӣ намекашад ва омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад. Танҳо пас аз чор моҳ интернет бо суръати суст дар Бадахшон барқарор шуд, вале масъулони "Комиссияи 44" мегӯянд, мақомот ваъдаҳои дигари худро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG