Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, шаҳри Осмонро дар ҷойи дигар бунёд кунад


Сардори Оҷонси сармоягузории назди президенти Қирғизистон Равшанбек Собиров гуфт, макони шаҳри нави Осмон, ки қарор аст, дар вилояти Иссиқкӯл бунёд шавад, иваз карда шуд.

"Ҳудуде, ки дар он сохтмон ба нақша гирифта шуда буд, ба минтақаи биосфера дохил мешавад. Бинобар ин, мо онро 10 километр кучондем. Яъне, ҳоло он мавзеъ дар миёни деҳаи Тору-Айгир ва фурудгоҳи Тамчӣ, ки 10-12 километр дуртар аст, ҷойгир шудааст", - афзуд Собиров.

Ба гуфтаи ӯ, масоҳати шаҳри бунёдшаванда, ки 4000 ҳектар заминро ташкил медиҳад, тағйир дода нашудааст. Барои иҷрои тарҳи мазкур бо сармоягузорони турк ва фаронсавӣ гуфтугӯҳо идома доранд.

Идеяи бунёди шаҳри Осмонро дар соҳили Иссиқкӯл маъмурияти президенти Қирғизистон моҳи июли соли 2021 пешниҳод кард. Девони вазирони он кишвар моҳи октябри ҳамон сол таъсиси Сарраёсати давлатии сохтмони "Осмон"-ро эълон карда, гуфт, ки лоиҳа аз ҳисоби пулҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонун иҷозат додааст, маблағгузорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG