Ссылки доступа

Зидди се узви ҳукумати муваққати пешини Қирғизистон парванда боз шудааст


Додситонии кулли Қирғизистон дар доираи парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 зидди се узви ҳукумати муваққати пешини он кишвар - Кенешбек Дуйшебоев, Исмоил Исҳоқов ва Бектур Асанов айб эълон кардааст. 

Дуйшебоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, муфаттиши додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 20 май сиёсатмадоронро огаҳ кардааст, ки ба даст доштан дар ҳаводиси мазкур гумонбар ҳастанд.

Ҳамчунин ба Дуйшебоев гуфта шуда, ки ҳақ надорад, аз кишвар берун равад. Худи Дуйшебоев парвандаро таъқиби мухолифон номид.

"Ман тибқи моддаи 337 (Суистифода аз мақоми хидматӣ) гумонбар шудаам. Ин парванда фармоишӣ аст. Моро фишор меоранд, зеро мухолифи ҳукумат ҳастем. Дар парванда ягон далел вуҷуд надорад. Тафтишот ва мурофиа бояд одилона бошад. Аммо мо ба ин умед намебандем", - гуфт Дуйшебоев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як сол пеш хабар дода буд, ки тафтиши парвандаи марбут ба ҳодисаҳои соли 2010 дар он кишвар аз сар гирифта мешавад. Парванда аз рӯи моддаи 304 – "Суистифода аз мақоми хидматӣ" боз гаштааст. Бар асоси он, зидди мансабдорони ҳукумати муваққатии собиқ бо гумони мусоидат ба берун рафтани ғайриқонунии Қодирҷон Ботиров аз қаламрави Қирғизистон айб эълом карда шудааст.

XS
SM
MD
LG