Ссылки доступа

Боздошти мусофире дар фурудгоҳи Тошканд, ки мехост, бангдона ворид кунад


Як мусофири ҳавопаймои Ню-Йорк - Тошканд бо худ шоколод ва дигар навъи шириниҳоро овард, ки дар таркибашон равғани бангдона доштанд.

Ба иттилои мақомоти фурудгоҳ, дар боғоҷи мусофире, ки аз Ню-Йорк ба Тошканд омадааст, бори шубҳанок ошкор шуд. Дар таркиби шириниҳое, ки вай бо худ оварда буд, равғани бангдона мавҷуд будааст.

Ба ҷуз аз ин, мусофир бо худ василаҳои истифодаи маводи мухаддир доштааст.

Соҳибони ин шириниҳо гуфтааст, ки бангдонаро бо ҳадафи тиббӣ истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG