Ссылки доступа

Дар Самарқанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ сайёҳонро бо "электрошокер" заданд


Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбати сайёҳон "электрошокер" истифода кардаанд. Дар ин бора Шоҳруҳ Ғиёсов, як масъули корҳои дохилии Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, шаби 20 ба 21 май дар Самарқанд кормандони навбатдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми муайянсозии шахсияти сайёҳон аз кишвари ҳамсоя бадрафторӣ карда, василаи махсус - "элетрошокер" истифода бурдаанд.

Ғиёсов нагуфт, ки сайёҳон аз кадом кишвар буданд. Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии Узбекистон тафтиши хидматиро аз рӯи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.

Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки сайёҳон аз Қазоқистон будаанд. Ҳамаи онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ доштанд, аммо навбатдорон онҳоро боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG