Ссылки доступа

Таслим шудани 19 сокини Рӯшон, гузоришҳо дар бораи бенишонии кормандони ОМОН ва сокинони мулкӣ  


Саҳнае аз эътирозҳои ахир
Саҳнае аз эътирозҳои ахир

Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон рӯйхати 19 сокини ноҳияи Рӯшонро нашр карда, онҳоро чун “аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” муаррифӣ кардааст, ки ба навиштаи ин манбаъ, “бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шудаанд”.

Ба навиштаи вебсайти ВКД, ин нафарон дар эътирозҳои 15 то 18 маи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшон иштирок кардаанд. Санҷидани дурустии изҳороти мақомот имкон надорад, чун хати иртиботи телефониву интернетӣ бо ноҳияи Рӯшон қатъ шудааст ва хешовандони боздоштшудаҳову гумонбарони ширкат дар эътирозҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон меҳаросанд. Бо гузашти як ҳафта аз эътирозҳои пурхушунат дар Хоруғу Рӯшон то ҳо мақомот нагуфтанд, ки манзури онҳо аз ин ки ин ҳама ҳодисаҳо ташкилшуда аз ҷониби “гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ” мебошад, чӣ аст.

Бино ба феҳристи нашршуда, дар миёни гӯё ихтиёран таслимшудаҳо Амирбек Қаёбеков ва Нуриддин Саидов чун собиқ раисони бахши Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯшон ва 15 нафар чун “аъзои гурӯҳи ҷиноии Холбаш Холбашов” муаррифӣ шудаанд.

Масъулини Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар Аврупо қарор доранд, ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам Қаёбеков ва Саидов дар гузашта раисии бахши ин созмони сиёсӣ дар Рӯшонро дар ихтиёр доштанд.

Холбаш Холбашов, ки исмашро мақомот чун яке аз ташкилкунандаҳои эътирозҳо ёд мекунанд, собиқ ҳамсари фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева аст. Макони будубоши Холбашов ваё эҳтимоли боздошт шудани ӯ феълан маълум нест.

Улфатхонум Мамадшоева, ки дар боздошт аст, пеш аз ҳабсаш гуфт, ки ҳеҷ кори ғайриқонунӣ накардааст. Нафари дигаре, ки ба қавли мақомот дар ташкили эътирозҳои ҳафтаи гузашта муттаҳам мешавад, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мебошад, ки рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд. Маълум нест ин шахс чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ кушта шудааст.

Дар таҳаввулоти дигар як манбаъи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 7 корманди нирӯҳои таъиноти махсуси ОМОН дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест. Ду манбаъ, ки хостанд, номашон зикр нагардад, гуфтанд, 17 мусофире, ки аз Душанбе дар ҳоли сафар ба ВМКБ буданд, се рӯз аст, бенишонанд. Ҳанӯз дар ин бора мақомот ҳеҷ иттилое нашр накардаанд. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Ёдгор Ғуломҳайдаров, фармондеҳи пешини яке аз қисмҳои Мирзо Зиёев, ки дар ҳодисаҳои Рушон гумонбари асосӣ ба ҳисоб меравад, бо тахминан 20 нафари дигар нопайдо аст.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд. Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд. Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.

Хушунатҳои ахир дар ВМКБ маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG