Ссылки доступа

Вазорат гуфт, 19 нафар дар Рӯшон ихтиёран "таслим" шуданд (гулчин)


IRAN-HERITAGE

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вазорат гуфт, 19 нафар дар Рӯшон ихтиёран "таслим" шуданд.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати 19 сокини ноҳияи Рӯшонро нашр карда, онҳоро аъзои "гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” номидааст, ки ба навиштаи ин манбаъ, “бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шудаанд”. (видео)

- Моҷарои Балҷувон. Саргардонии модар барои дидани писар.Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст. (видео)

- ​Гулгашти Кӯлоб ба алафзор табдил шудааст.​ ​Сокинони Кӯлоб аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбати боғу гулгаштҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷойи гулҳоро алаф гирифтаст. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, то ҳадди имкон гулгаштҳоро нигоҳубин мекунанд. (видео)

- Хоруғ пас як рӯзи эътироз. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гуруҳе аз занон 17 май хостаанд, дар Хоруғ ҷамъ шаванд, аммо низомиён бо истифода аз гази ашковар пароканда кардаанд. Ба сабаби он ки пас аз эътирози 16 май интернет дар Бадахшон дастнорас шуда, хатти телефон мушкил пайдо кардааст, гирифтани аксу навор муяссар нашуд. (видео)

- Ҷанги Украина ва қиматҳо дастурхони тоҷикро тағйир медиҳад.​ Як таҳқиқ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки эҳтимол дорад ба сабаби ҷанг дар Украина ва ҳамингуна идома кардани болоравии қиматҳо теъдоди мардуме, ки дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ намеёбанду муҳтоҷи кумак мешаванд ба бештар аз 800 ҳазор нафар мерасад. (видео)

- Гуфтугӯ бо Адаш Истад дар Самарқанд.​ Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори тоҷики муқими Самарқанд, ки солҳои охир навиштаҳояш дар блоги “Герби Шердор” ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорону мухолифони худро дорад, тақрибан сӣ сол пеш аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчидааст. Суҳбати хабарнигори моро бо ӯ бубинед. ​(видео ТР)

- ​Тоҷикистон ба 4 ҳазор парастор эҳтиёҷ доштааст. Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва ин кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишк ва корманди миёнаи тиб ниёз дорад. (видео)​

- ​Чаро қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт? ​Нархи орд дар Тоҷикистон боз боло рафт. Рӯзи 13 май як халта орди истеҳсоли Тоҷикистон дар бархе аз фурӯшгоҳҳо то 350 сомонӣ ва орди навъи аъло, ки аз Қазоқистон ворид мешавад, то 380 сомонӣ қимат дошт. (видео)

- Ёде аз Барно Исҳоқова. Вақте ки Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, бори аввал шашмақомхонии Барно Исҳоқоваро аз радио шунид, ӯро “Левичаи зан” дар шашмақом номид. Левича шашмақомхони шумораи яки яҳудиасли дарбори амирони Бухоро буд, ки ягон маҳфил бе ҳузури ӯ намегузашт. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG