Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки ин созишнома рӯзи 17 май ҳосил шудааст. Ба иттилои сафорат, тобути қирғизистониҳо аз шаҳрҳои Челябинск, Уфа, Минералних Вод, Нижневартовск, Қазон, Самара, Сочӣ ба шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон интиқол дода хоҳанд шуд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ сафорати Қирғизистон дар Русия дар интиқоли 15 тобути қирғизистониҳо мусоидат кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳамасола бештар аз 300 қирғизистонӣ дар Русия бо сабабҳои гуногун мефавтанд. Интиқоли тобути фавтидаҳо аз Русия ба ватанашон мушкилӣ ба бор меорад.
Ба иттилои расмӣ, 1 миллиону 118 ҳазор қирғизистонӣ дар хориҷ аз ин кишвар муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.