Ссылки доступа

Ҳайати Департаменти ИМА дар сафар ба Осиёи Марказӣ робитаҳоро тақвият медиҳад


Министр иностранных дел Кыргызстана Жээнбек Кулубаев (слева) и помощник государственного секретаря США по делам Центральной и Южной Азии Дональд Лу
Министр иностранных дел Кыргызстана Жээнбек Кулубаев (слева) и помощник государственного секретаря США по делам Центральной и Южной Азии Дональд Лу

Департаменти давлатии ИМА хабар дод, ки ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу ҳайати амрикоиро дар сафар ба Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯзҳои 23-27 май роҳбарӣ мекунад.

Дар ин ҳайат мудири Шӯрои миллии амният дар умури Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиаи ИМА дар умури Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Симмерман, муовини ёвари раёсати Бюро дар умури Осиёи Оҷонси ИМА оид ба рушди байналхалқӣ Анҷалӣ Каур ва дигар шахсони расмӣ шомил ҳастанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Қулибоев Доналд Луро ба ҳузур пазируфт. Ду ҷониб ҳамкориҳои Қирғизистонро бо ИМА баррасӣ карданд.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эъломи таҳримҳо нисбати Русия ниҳодҳои молии байналхалқӣ пешбинӣ карданд, ки рушди иқтисодии Қирғизистон кунд ва болоравии қимати маҳсулот дар ин кишвар мушоҳида хоҳад шуд.

Девони вазирони Қирғизистон эътироф кард, ки "таҳримҳои нисбати Русия эъломшуда ба иқтисоди Қирғизистон таъсири манфӣ расонидаанд".

Ҳайати амрикоӣ аз Қирғизистон ба Узбекистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG